Дар Ҳамадонӣ соҳаи моҳипарварӣ рушд мекунад

Июль 30, 2016 10:37

Ҳамадонӣ, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии давлатии моҳипарварии «Чубек» дар  вилояти Хатлон яке аз калонтарин хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба шумор рафта, ҳамасола садҳо тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол ва пешниҳоди шаҳрвандон мегардонанд.
Аъзои ин хоҷагӣ дар парвариши моҳӣ таҷрибаи хуб дошта, дар ҳавзҳои моҳипарварӣ намудҳои моҳии ба шароити иқлими минтақа мусоидро парвариш мекунанд. Чанд сол қабл қисми зиёди ҳавзҳои хоҷагии мазкур бекор монда, ба сангоб табдил ёфта буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аксари онҳо барқарор карда шуданд. Сол ба сол истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар хоҷагӣ афзоиш дода мешавад.
Ба қавли директори хоҷагӣ Раҳимҷон Сараев, масоҳати умумии кӯлу ҳавзҳои хоҷагӣ 327 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамасола бо фароҳам омадани шароит ҳавзҳоро аз об пур карда, моҳича мегузоранд. Роҳбарияти хочагӣ ба соҳибкорону кишоварзоне, ки хоҳиши ба моҳипарварӣ машғул шуданро доранд, ҳавзҳои моҳипарвариро ба иҷора медиҳад. Барои таъмини моҳӣ бо хӯрока дар назди хоҷагӣ дар майдони беш аз 120 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил карда шудааст.

Июль 30, 2016 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд