Дар Ҳамадонӣ соҳаи моҳипарварӣ рушд мекунад
Ҳамадонӣ, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии давлатии моҳипарварии «Чубек» дар вилояти Хатлон яке аз калонтарин хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба шумор рафта, ҳамасола садҳо тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол ва пешниҳоди шаҳрвандон мегардонанд.
Аъзои ин хоҷагӣ дар парвариши моҳӣ таҷрибаи хуб дошта, дар ҳавзҳои моҳипарварӣ намудҳои моҳии ба шароити иқлими минтақа мусоидро парвариш мекунанд. Чанд сол қабл қисми зиёди ҳавзҳои хоҷагии мазкур бекор монда, ба сангоб табдил ёфта буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аксари онҳо барқарор карда шуданд. Сол ба сол истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар хоҷагӣ афзоиш дода мешавад.
Ба қавли директори хоҷагӣ Раҳимҷон Сараев, масоҳати умумии кӯлу ҳавзҳои хоҷагӣ 327 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамасола бо фароҳам омадани шароит ҳавзҳоро аз об пур карда, моҳича мегузоранд. Роҳбарияти хочагӣ ба соҳибкорону кишоварзоне, ки хоҳиши ба моҳипарварӣ машғул шуданро доранд, ҳавзҳои моҳипарвариро ба иҷора медиҳад. Барои таъмини моҳӣ бо хӯрока дар назди хоҷагӣ дар майдони беш аз 120 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил карда шудааст.








Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард






