Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара 74 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Июль 7, 2016 16:48

Душанбе. 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара зери роҳбарии Убайдулло Қурбон, профессор,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   аз моҳи феврали   соли равон гурӯҳи сайёр аз ҳисоби табибони ботаҷрибаи шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина ва Беморхонаи клиникии шаҳрии №5  таъсис ёфта,   аъзои гурӯҳи мазкур  барои амалӣ намудани ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара бомуваффақият фаъолият доранд.
То имрӯз дар беморхонаи зикршуда 74 амалиёти ҷарроҳӣ  бомуваффақият гузаронида шуда,  аз ҷумла  35 нафар  бо ташхиси деформатсияи постравматикии бинӣ ва миёндевор, 5 нафар бо деформатсияи модарзодии бинӣ, 2 нафар бо  бинии бузург (гигантоназия), 1 нафар бо деформатсияи пас аз ҷарроҳии скарии лаби боло,  7 нафар бо контрактураи пас аз сӯхтагии андомҳо,  1 нафар  бо  скари кашандаи постравматикии ҷоғи поён аз тарафи рост  ва  ғайра ҷарроҳӣ  шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин намуди ҷарроҳӣ дар илми тиб нисбатан душвор маҳсуб шуда, амалӣ намуданашон имконоту шароити махсусро талаб менамояд.   Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ба ин талабот ҷавобгӯ буда,   ҳамзамон  бо ба роҳ мондани баргузории амалиёти ҷарроҳӣ, роҳбарияти донишгоҳ  барои омодасозии мутахассисон  дар заминаи ин бемористон асос гузоштаанд.
Хотиррасон менамоем, ки Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии   ноҳияи Данғара  соли 2012  таъсис ёфта, 22 марти соли 2014 бо иштироки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки  барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Ин муассисаи тиббӣ   бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ барои як миллиону 100 ҳазор нафар сокинони минтақаи Кӯлоб бунёд гардида, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида, дорои имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ  мебошад. Дар беморхонаи мазкур   шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст. Бо ифтитоҳи беморхона 240 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, 62 нафар табиб, 80 нафар корманди миёнаи тиб, 88 нафар корманди хурди тиб ва мутахассисони техникӣ бо кори доимӣ  таъмин шуданд.

Июль 7, 2016 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад