Дар Файзобод Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт баргузор гардид

Июль 21, 2016 15:56

Файзобод, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт баргузор гардид, ки дар он занони соҳибкори ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Сангвор, Файзобод ва шаҳри Роғун фаъолона иштирок намуда, маҳсулоти истеҳсол намудаашонро аз қабили 31 намуд маҳсулоти ширӣ, асали тоза, 34 намуди гиёҳҳои шифобахши кӯҳистон, шарбати мева, ҳунарҳои миллӣ ва хӯрокҳои миллиро бо нархи дастрас ба фурӯш гузоштанд.
Дар айни замон аз ҳисоби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохон зиёда аз 600 нафар занони соҳибкор дар минтақаи Рашт ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки вобаста аз намуди фаъолияти истеҳсолияшон дар як моҳ аз 500 то 1000 сомонӣ фоида ба даст меоранд.
Соҳибкорзани нурободӣ Сайбону Шӯхиева иброз дошт: «имрӯз занони минтақаи Рашт бо тафаккури зеҳнӣ ба сарфаи буҷаи оила, камхарҷ гузаронидани чорабиниҳои оилавӣ мукаммал шуда, барои дарёфти имкониятҳои соҳибкорию истеҳсолии нав кӯшиш намуда истодаем. Инчунин мо соҳибкорзанон дар самти коркарди пашм, шир, меваю сабзавот ва занбӯри асал фаъолият намуда,  занони дигарро низ ба фаъолияти соҳибкорию ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ ташвиқу тарғиб менамоем».

Июль 21, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад