Дар Хатлон нишасти матбуотӣ доир гардид
Душанбе. 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9 июли соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилоят оид ба рафти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2016 ва дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят маълумоти мухтасар дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои вилоят ҳанӯз ҳам камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки масъулини соҳа барои бартараф намудани онҳо супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Раиси вилоят зикр кард, ки то ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки омодагии ҷиддӣ дида, аёдати шахсони бемору барҷомондаро ташкил намоянд. Ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ, маъюбону иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон кумакҳои моддию молиявӣ расонида, чораҳои мушаххас андешанд.
Сипас, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар масулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






