Дар Хуҷанд Мусобиқаи теннисбозони наврас баргузор гардид
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мактаб-Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба тенниси рӯи миз, байни писарон ва духтарони солҳои таваллудашон 2003 ва хурд бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 16 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Байни духтарон аз рӯи нишондоди натиҷаҳои мусобиқа мақоми теннисбози беҳтаринро Сабрина Муродӣ соҳиб гашта, Меҳрона Ҳакимова ва Мадина Юлдошова ҷойҳои ифтихории дуюму сеюмро ишғол намуданд. Байни ҷавонписарон бошад, Далерзода Муҳаммадазим тамоми ҳарифони худро мағлуб намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷойҳои баъдинаи ифтихориро Эраҷ Холиқов ва Сӯҳроб Замирӣ ба даст оварданд.
Ба ғолибони мусобиқа медал ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






