Дар ноҳияи Бохтар дар натиҷаи сӯхтор 1 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд
Душанбе, 11.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъи ҶДММ «Кафолат-Садбарг», воқеъ дар канори роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Сарбанд, ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар, ки ба соҳибкор Сайнуриддин Ҳакимов тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омадааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуданд.
Ҳангоми ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор расидан муайян карда шуд, ки дар мошини газкашони тамғаи «Дулан», ки ба шаҳрванд Далер Мадбобоев тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омада, зарфи автомашинаи газкашон таркидааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохӯш як нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 17 нафар шаҳрвандони дигар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






