Дар шаҳри Ҳисор маҳаллаи беҳтарин муайян гардид
Душанбе, 08.07.16. /АМИТ Ховар/. Маҳаллаи Белайдуз дар шаҳри Ҳисор дар даври дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ беҳтарин маҳалла дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур роҳ ёфт.
Ҳамзамон шаҳраки Ҳисор беҳтарин шаҳрак, ҷамоати деҳоти Ҳисор деҳоти беҳтарин, деҳаи Муъминобод беҳтарин деҳа, хонаи сокини деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Дурбат Қиёмиддин Одинаев хонаи намунавӣ ва оилаи Нусрат Шоев- сокини деҳаи Ситораи ҷамоати деҳоти Навобод оилаи намунавӣ пазируфта шуда, ба даври сеюми ё худ ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Хайрулло Давлатов- мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор дар суҳбат ба хабарнигори Ховар гуфт, ки дар интихоби маҳаллаю деҳаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ хусусиятҳои хоси рушди маҳаллаю деҳа, хона ва оилаҳо ба инобат гирифта шудаанд. Мавсуф зикр кард, ки ба маҳаллаи беҳтарин сазовор гардидани маҳаллаи Белайдуз дар он аст, ки ин маҳалла воқеан ободу зебост ва бо дигар зарфиятҳо аз дигар маҳалллаҳои шаҳр фарқ мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳраку, маҳалла ва деҳоти беҳтарин, инчунин хона ва оилаи намунавии аз шаҳри Ҳисор, ки дар даври якум ва дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ беҳтарин арзёбӣ гардидаанд, бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Ҳисор ва бо туҳфаҳои пулӣ -2 ҳазор сомонӣ сарфароз гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






