Дар шаҳри Норак Мусобиқаи футбол миёни дастаҳои духтарона баргузор гардид
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 19 июли соли равон дар шаҳри Норак Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои духтарона баргузор гардид. Мусобиқа, ки ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, бо ширкати беҳтарин дастаҳои футболбоздухтарон аз манотиқи мухталифи кишвар сурат гирифт.
Дар мусобиқа дастаҳои «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Душанбе», «Ноҳияҳои тобеи марказ» ва дастаи «Барқ»-и шаҳри Норак иштирок намуданд. Дар натиҷа, футболбоздухтарони дастаи «Душанбе» бо 8 хол сазовори ҷои аввал гашта, дастаи «Хатлон-1» бо 8 имтиёз мақоми дуюмро ишғол намуд. Футболбозони дастаи «Хатлон-2» бо 6 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар охир ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФФТ қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






