Дасти сахо ҳамеша болост…
Шаҳраки Сомониён. 04.07.16 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафа саиди Фитр беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби шахсони саховатманду саховатпешаи ноҳияи Рӯдакӣ ба 1700 оилаҳои ниёзманд ятимону барҷомондагон, бепарасторон ва оилаҳои аз офати табии рӯзҳои 12-14 майи соли ҷорӣ зарардида, кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Масъалаи муташаккилона ба қишрҳои воқеан ниёзманди ҷомеа расонида шудани садақаи фитри рӯза дар машварати кори Раиси ноҳия бо иштироки масъулин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва фаъолон баррасӣ гардида, зимни он масъулин ва иштирокчиён ҷиҳати иҷрои сифатноки муқаррароти барқияи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29 июни соли 2016 вазифадор гардиданд.
Расонидани садақаҳои хайрия ва фитри рӯза ба оилаҳои ниёзманд, фақирон, муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






