Дасти сахо ҳамеша болост…

Июль 4, 2016 17:34

Шаҳраки Сомониён. 04.07.16 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафа саиди Фитр беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби шахсони саховатманду саховатпешаи ноҳияи Рӯдакӣ ба 1700 оилаҳои ниёзманд ятимону барҷомондагон, бепарасторон ва оилаҳои аз офати табии рӯзҳои 12-14 майи соли ҷорӣ зарардида, кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Масъалаи муташаккилона ба қишрҳои воқеан ниёзманди ҷомеа расонида шудани садақаи фитри рӯза дар машварати  кори Раиси ноҳия бо иштироки масъулин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва фаъолон баррасӣ гардида, зимни он масъулин ва иштирокчиён ҷиҳати иҷрои сифатноки муқаррароти барқияи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29 июни соли 2016 вазифадор гардиданд.
Расонидани садақаҳои хайрия ва фитри рӯза ба оилаҳои ниёзманд, фақирон, муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон дар ноҳияи Рӯдакӣ идома дорад.

Июль 4, 2016 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд