Деваштич: Кормандони милиса барои хизматҳои софдилонаашон қадрдонӣ мегарданд

Июль 25, 2016 14:02

Душанбе, 25.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич  ҷиҳати  сипос ва қадршиносии хизматҳои беназири кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри  таъмини тартиботи ҷамъиятиву амнияти кишвар бинои нави ёрирасон барои афсарону кормандони ин мақомот сохта  мешавад.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади  шинос шудан аз рафти корҳои сохтмонӣ аз он  дидан намуданд.
Тавре  аз  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд,  соли 2015 корҳои ободонию муҷаҳҳазгардонӣ ва таъмири бинои асосии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ҳиссагузориҳои ҳайати шахсӣ ба роҳ монда шуда, соли равон  бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави ёрирасони он  оғоз гардидааст. Дар ин бунёдкорӣ  саҳми соҳибкорони саховатпешаи ноҳия низ дар баробари дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳиссагузориҳои ҳайати шахсӣ назаррас аст. Бино бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида,  аз як долони барҳаво, ҳаммом,  хонаи истироҳатии бо тамоми таҷҳизоти фароғатӣ муҷаҳҳаз, аз як ошхонаву хонаи хӯрокхӯрӣ ва як хобгоҳ барои 20 нафар кормандон иборат аст.
«Ҳар як корманди масъули шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятшинос ва нисбат ба худ серталаб буда, бо эҳсоси баланди таъмини тартиботу амнияти диёру кишвар барои халқу Ватан адои хизмат намуда истодаанд. Маҳз кордонию сермаҳсулии онҳо, ҳамкориашон бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ, инчунин дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудани корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикӣ ба шуъбаи мазкур имконият дод, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия сол ба сол паст гардида, сатҳи кушодашавии онҳо сад фоизро ташкил диҳад. Айни ҳол фазои ноҳия орому осуда буда, ҳар як сокин ва меҳмони ноҳия имконият доранд, ки  бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар кӯчаву хиёбонҳои он  сайругашт намуда, кору фаъолият намоянд»,-иброз дошт  манбаъ ва илова намуд, ки  моро месазад, ки хизматҳои чунин фарзандони халқу Ватанро қадр намуда, баҳри фароғати онҳо низ ҳисса гузорем ва дар кори пуршарафи онҳо дасти ҳамкорӣ дароз намоем.

Июль 25, 2016 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд