Дуздоне, ки таҷҳизоти маблағгузарониро шикастанд, ба даст афтоданд

Июль 22, 2016 14:59

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз 3 то 11 июли соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар кӯчаҳои Логинов, Ҷ. Румӣ ва Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, 6 адад таҷҳизоти маблағгузарониро шикаста, аз дохилашон 391 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, зарари расонидашуда 9 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Ба ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 10 июли соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаи Меҳрободи ноҳияи мазкур шуда, аз он ҷо  масолеҳи сохтмониро ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти содиршуда дастгир карданд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Муайян карда шуд, ки номбурда 7 июли соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи «СамсунгГ-4», ки арзишаш 3000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июль 22, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад