Дуздоне, ки таҷҳизоти маблағгузарониро шикастанд, ба даст афтоданд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз 3 то 11 июли соли 2016 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар кӯчаҳои Логинов, Ҷ. Румӣ ва Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, 6 адад таҷҳизоти маблағгузарониро шикаста, аз дохилашон 391 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, зарари расонидашуда 9 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонони 16 ва 17-солаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Ба ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 10 июли соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаи Меҳрободи ноҳияи мазкур шуда, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти содиршуда дастгир карданд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Муайян карда шуд, ки номбурда 7 июли соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи «СамсунгГ-4», ки арзишаш 3000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






