Г. Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти ҶТ: «Истеҳсоли обҳои маъданӣ ва нушокиҳои спиртӣ кам шудааст»

Июль 28, 2016 13:54

Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар нимсолаи якуми соли 2016 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 6363,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 12,1 %   зиёд аст»,-зикр кард зимни нишати матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати истихроҷ 1138,8 млн. сомонӣ, саноати коркард 3825,3 млн. сомонӣ ва дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1399,1 млн. сомониро ташкил дод.
Ҳамчунин Г. Ҳасанзода зикр кард, ки дар давраи соли ҷорӣ истихроҷи нафту  ангишт, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли ҳасиб, панири равғанин, маҳсулоти шири холис, консерваҳо, қолин ва маснуоти қолинӣ, семент, оҳану бетони васлшаванда ва хишти бинокорӣ, трансфарматор ва маснуоти кабелӣ афзудааст.
«Дар айни замон истеҳсоли истихроҷи ангишти бӯр, гази муқарарӣ, арматураи сохтмонӣ маснуоти қаннодӣ, обҳои маъданӣ, нушокиҳои спиртӣ, нахи пахта, чигити пахта, истеҳсоли пӯст,  пойафзол, маснуот ва металупластика  кам шудааст»,-зикр кард Г. Ҳасанзода.

Июль 28, 2016 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст