Гар дасти фитодае бигирӣ…
Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ Ховар/. Наздики 200 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои иҷтимоӣ, оилаҳои камбизоату ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар рӯзи иди саиди Фитр кумак расонида шуд.
Аз ҷумла, ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва бошандагони муассисаҳои иҷтимоии дар ҳудуди шаҳр воқеъбуда- мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии низомаш махсус, нобиноён ва хона-интернати бемориҳои руҳӣ кумакҳои хайриявӣ молию пулӣ- маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос расонида шуданд. Инчунин, 68 нафар ятимони кул, 565 нафар маюбон ва 368 оилаи камбизоат ва дигар афроди аз лиҳози иҷтимоӣ ниёзманд аз кумакҳои хайриявӣ бархӯрдор гардиданд.
Назар ба иттилои Хайрулло Давлатов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, аз ҳисоби маблағҳои садақаи Фитр ва намозгузорони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар масҷидҳое, ки дар онҳо намози иди Фитр баргузор гардиданд, беш аз 13 ҳазор сомонӣ ба ятимону барҷомондагон кӯмак расонида шуд.
Намояндаи масъули бахши иҷтимоии дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор мегӯяд, ки расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа ва ятимону барҷомондагон таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






