Гармтарин рӯзҳои тобистон фаро мерасанд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24-28 июли соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои гарми бебориш дар назар дошта шуда, гармии ҳаво то 10 дараҷа боло меравад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон, дар ин рӯзҳо дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати гармтарини ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯзҳо баландтарин ҳарорат дар минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст, ки то 48 дараҷа хоҳад расид. Мизони поинтарини ҳарорат дар ВМКБ буда, интизор меравад, 34-37 дараҷа гарм шавад.
Дар Душанбе ва Суғд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 43 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, чунин гармӣ аз меъёри муқаррарӣ 4-5 дараҷа зиёд ҳисобида мешавад.
Бо назардошти ин ҳавошиносон ба аҳолӣ муроҷиат намуда, таъкид мекунанд, ки дар муддати аз соати 11 то 15, то ҷое имкон ҳаст, дурудароз зери нури офтоб нагарданд, ҳар рӯз 1,5 – 2 литр об нӯшанд, то саломатии худро эмин нигоҳ доранд.