Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2024 тариқи видеоконфронс вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Ҷадаан баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи ҷалби сармоя барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ афзалияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ хоҳиш намуд, ки вобаста ба зиёд намудани маблағҳои Фонди Саудии Рушд барои татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин ҷудо намудани маблағҳои имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ба ин лоиҳа мусоидат намояд.
Вобаста ба дархости ҷониби Тоҷикистон Вазири молияи Подшоҳии Арабистони Саудӣ омодагиашро баҳри корбарӣ намудан бо Фонди Саудии Рушд ва Бонки Исломии Рушд барои зиёд намудани маблағгузории имтиёзноки лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баён дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло бо Фонди Саудии Рушд созишнома барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»» дар ҳаҷми умумии 100 миллион доллар ба имзо расонида шудааст. Бонки Исломии Рушд барои сохтмони ин иншоот 150 миллион доллар ҷудо намудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард






