Гулистон: ҳаҷми маҳсулоти коргоҳҳои саноатӣ ба беш аз 800 млн.сомонӣ расид

Июль 9, 2016 11:14

Гулистон, 09.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» — Гулистон  дар шаш моҳи соли равон аз нақшаи дурнамо зиёд  маҳсулот истеҳсол намуд. Дар ҷадвали саҳмгузорӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят он ба 31% баробар гашт, ки ин нишондиҳанда миёни шаҳру навоҳии шимоли кишвар беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Тавре  Рустами Одилзода, масъули Хадамоти иттилоотии раиси шаҳри Гулистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар шаш моҳи соли 2016  корхонаҳои саноатӣ шаҳр сарфи назар аз мансубият ба моликияташон тавлиди маҳсулотро ба маблағи 877 миллиону 419 ҳазор сомонӣ расониданд, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 ба 142,3% баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи  260,7 миллион сомонӣ зиёд буда, иҷроиши дурнамо ба 143,7%  расидааст.
Аз шумораи умумии 29 коргоҳи шаҳр дар пешрафти иҷрои нақшавӣ саҳми корхонаҳои зерин, чун «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин», ҶДММ «Чархи гандумин», ҶМ ТКММ «Апрелевка», «Сахо и К», ҶДММ «Хубон», ҶДММ «Фаровон», ҶДММ «Равшан»   назаррас буда, саноатчиёни шаҳр соли равон низ азм доранд дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳри Гулистон саҳмгузор бошанд.

Июль 9, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!