Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Июль 22, 2016 09:18

Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои иловагии таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Сино иштирок намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави таълимиро барои 640 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълиму тарбия дар он шинос шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 дар маҳаллаи сераҳолии Гипроземи шаҳри Душанбе ҷойгир буда талаботи сокинони ин маҳалла ба муассисаҳои таҳсилоти миёна дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Бинои асосии мактаб, ки аз соли 1986 инҷониб фаъолият дорад барои 960 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст вале бо сабаби афзун будани талабот дар ин муассиса то имрӯз 2530 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави иловагӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ дар маҷмуъ зиёда аз 3500 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Бинои нави иловагӣ аз чор ошёна иборат буда 31 синфхонаи барҳаво ва замонавӣ аз ҷумла ду синфхонаи таълими меҳнат, кабинетҳои фаннии физикаю кимиё, кабинети омодагии ҳарбӣ, ду синфхонаи компютерӣ, китобхона ва толори хониши барҳаво дорад ва дар саҳни ҳавлии он майдони варзишии замонавӣ бунёд шудааст. Бартарияти дигари муассисаи навбунёд дар он аст, ки рафти таълиму тарбия, баргузории дарсҳои амалию назариявӣ ва рафтору муомилаи толибилмону омӯзгорон аз як ҳуҷра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат шуда волидайн низ метавонанд рафти таҳсил ва одобу муоиширати фарзандони хешро ҳангоми дарс бевосита аз ҳамин ҳуҷра назорат намоянд.

Бинои нави иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 8,5 млн сомонӣ бунёд шуда корҳои сохтмони онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ниёз” дар давоми камтар аз як сол анҷом додааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида зимни сӯҳбат бо муҳасилин онҳоро ба азхудкунии донишҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои компютерию забономӯзӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят намуда, масъулини соҳаро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳама муассисаҳои таълимии мамлакат мутобиқ ба шароиту имконоти хуби муҳайёгашта беҳтару хубтар гардонанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки танҳо дар зарфи даҳ соли охир дар назди муассисаҳои таълимии амалкунанда 13 бинои нави иловагии дорои муосиртарин шароит барои 5378 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шавад. Дар маҷмуъ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар зарфи 25-соли Истиқлолияти давлатӣ барои зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нишаст маҷмуи биною иншоти гуногуни дигари соҳаи маориф сохта ба истифода дода шудааст.

Зимни суханронӣ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон ва шогирдони муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки толибилмон, бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат ва тавассути хониши аъло ба мақсадҳои неки худ расида дар оянда якҷо бо ҳамсолони худ дар ободонию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.

Июль 22, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон