Ҷилавгирӣ аз табъиз нисбати занон дар маркази таваҷҷуҳи фаъолзанони ҲХДТ
Душанбе, 30.07.2016/АМИТ «Ховар»/. «Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар татбиқи сиёсати гендерӣ бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида, барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо талош хоҳад кард». Ин матлабро Раъно Бобоҳоҷиён, муовини Раиси ҲХДТ имрӯз дар Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар, ки дар мавзӯи « Пешгирии табъиз нисбати занон» доир гардид, иброз дошт.
Мавсуф зикр кард, ки ҲХДТ дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.Таҳия ва қабули Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила аз ҳамин қабил аст. Таъкид шуд, ки Парлумони Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонаводаҳо ва коҳиш додани раванди ин зуҳуроти номатлуб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»- ро таҳия ва қабул намуд, ки ҳадафаш ҳимояи ҳуқуқи оилаҳо, пешигрӣ аз зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва татбиқи сиёсати гендерии давлат дар ҷомеа мебошад.
Дар мизи мудаввар, фаъолзанони ҲХДТ, раисони шӯъбаҳои кор бо занон ва оила аз минтақаҳои гуногуни кишвар, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва равоншиносон иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз табъизи занону духтарон дар ҷомеа табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






