Ҷилавгирӣ аз табъиз нисбати занон дар маркази таваҷҷуҳи фаъолзанони ҲХДТ

Июль 30, 2016 11:33

Душанбе, 30.07.2016/АМИТ «Ховар»/. «Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон  /ҲХДТ/ дар татбиқи сиёсати гендерӣ  бо назардошти хусусиятҳои миллӣ  ва бо риояи меъёрҳои  байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида, барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон  ва имкониятҳои  баробари онҳо талош хоҳад кард». Ин матлабро Раъно  Бобоҳоҷиён, муовини Раиси ҲХДТ имрӯз дар Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар, ки дар мавзӯи « Пешгирии табъиз нисбати занон» доир гардид, иброз дошт.

Мавсуф зикр кард, ки  ҲХДТ дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа  ва баланд бардоштани сатҳи иштироки  онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.Таҳия ва қабули  Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ  ва таҳкими  оила аз ҳамин қабил аст. Таъкид  шуд, ки  Парлумони Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз  хушунат дар хонаводаҳо ва коҳиш додани раванди ин зуҳуроти номатлуб Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»- ро  таҳия ва қабул намуд, ки ҳадафаш ҳимояи ҳуқуқи оилаҳо, пешигрӣ аз зӯроварӣ дар хонаводаҳо ва татбиқи сиёсати гендерии давлат дар ҷомеа мебошад.

Дар мизи мудаввар, фаъолзанони ҲХДТ,  раисони шӯъбаҳои кор бо занон ва оила аз минтақаҳои гуногуни кишвар, кормандони масъули  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва равоншиносон иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни  ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз табъизи  занону духтарон дар ҷомеа табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд  баён карданд.

Июль 30, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад