Имрӯз аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 27 сол сипарӣ гардид
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 июл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 27 сол сипарӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди равшанфикрони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон»-ро қабул намуд. Бо қабули ин қонун ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, дар тамоми вазорату идораҳои кишвар коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз 20 соли қабули қонуни мазкур соли 2009 ин қонун дар таҳрири нав бо номи «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳристи ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикистонист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






