Кӯлоб: Озмуни вилоятии «Иди харбуза ва кадуи Хатлон» баргузор гардид
Кӯлоб, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирўз дар шаҳри Кӯлоб озмуни вилоятии «Иди харбуза ва кадуи Хатлон» баргузор гардид. Дар ин рӯз навъҳои беҳтарини харбуза ва каду аз тамоми гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳои вилоят бо арзиши нисбатан арзон ба намоиш фӯруш гузошта шуд.
Дар ин ид меҳмонони дохилӣ ва хориҷи кишвар низ иштирок намуда, аз намоиш ва дастовардҳои деҳқонони вилоят дидан намуданд.
Ҳамасола ин ид дар тамоми вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ки ба ин восита кишоварзон маҳсулот ва дастовардҳои худро таблиғ менамоянд.
Чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ ва тақдими туҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли озмун ба охир расид.













ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






