КМИР узви тозаинтихобгардидаи ММ-ро ба қайд гирифт
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви нави Маҷлиси миллиро ба қайд гирифт, ки он Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.
Дар ин росто, дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ваколати узви тозаинтихобгардидаи Маҷлиси миллӣ Ҷамшед Ҷӯразода баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2, ки дирӯз доир гардид, аз ҷониби вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷамшед Ҷӯразода дар курсии Маҷлиси миллӣ ба ҷои Раҷаббой Аҳмадзодда- собиқ раиси шаҳри Хуҷанд менишинад, зеро ваколати Р.Аҳмадзодда бинобар ба дигар вазифа гузаштанаш дар нимаи аввали моҳи май дар иҷлосияи шашуми палатаи болоии Парлумони кишвар пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Р.Аҳмадзодда 30 марти соли равон бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардида буд.
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, 33 аъзо дошта, 25 нафари он дар иҷлосияҳо тавассути овоздиҳӣ аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб гардида, 8 нафар аъзои дигари Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъин менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






