КМИР узви тозаинтихобгардидаи ММ-ро ба қайд гирифт

Июль 18, 2016 18:23

 Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви нави Маҷлиси миллиро ба қайд гирифт, ки он  Ҷӯразода Ҷамшед  Ҳабибулло,  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.
Дар ин росто,  дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода,  раиси  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ваколати узви тозаинтихобгардидаи Маҷлиси миллӣ Ҷамшед Ҷӯразода баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷӯразода Ҷамшед  Ҳабибулло дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда  аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2,  ки дирӯз доир гардид,  аз ҷониби  вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷамшед Ҷӯразода дар курсии Маҷлиси миллӣ ба ҷои Раҷаббой Аҳмадзодда- собиқ раиси шаҳри Хуҷанд менишинад, зеро ваколати  Р.Аҳмадзодда бинобар ба дигар вазифа гузаштанаш дар нимаи  аввали моҳи май дар иҷлосияи шашуми палатаи болоии Парлумони кишвар пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Р.Аҳмадзодда  30 марти соли равон бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардида буд.
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, 33  аъзо дошта, 25 нафари он дар иҷлосияҳо тавассути овоздиҳӣ аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои халқи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб гардида, 8 нафар аъзои дигари Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъин менамояд.

Июль 18, 2016 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар