Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани майдонҳо пурзӯр намуд
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани майдонҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ боз ҳам пурзӯр намуда, 7024 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор кард»,-зикр намуд зимни нашасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода.
Инчунин зикр гардид, ки барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин нисбат ба 6576 ҳолат дастур дода шуда, нисбат ба 4828 ҳолат протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Нисбат ба 4828 ҳолатҳо қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 1 млн 476 ҳазору 680 сомонӣ қабул карда шудаанд, ки аз ин 1 млн. 44 ҳазору 384 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Бояд гуфт, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ 305 мавод ба прокуратура, 374 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол карда шуда, 4479 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 3495,81 гектар замин бартараф карда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






