Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани майдонҳо пурзӯр намуд

Июль 18, 2016 17:20

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он  дар маҳалҳо назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода  бурдани майдонҳо дар нимсолаи  аввали соли ҷорӣ  боз ҳам пурзӯр намуда, 7024 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро  ошкор кард»,-зикр намуд зимни нашасти матбуотӣ раиси Кумитаи  давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода.
Инчунин зикр гардид, ки барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин нисбат ба 6576 ҳолат дастур дода шуда, нисбат ба 4828 ҳолат протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Нисбат ба 4828 ҳолатҳо қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 1 млн 476 ҳазору 680 сомонӣ қабул карда шудаанд, ки аз ин   1 млн. 44 ҳазору 384 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Бояд гуфт, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ 305 мавод ба прокуратура,  374 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо  ба судҳо ирсол карда шуда, 4479 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 3495,81 гектар замин   бартараф карда шудаанд.

Июль 18, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад