М. Лутфуллоев: Истиқлолият ҳамчун арзиши маънавӣ ба илми педагогика ворид карда мешавад

Июль 7, 2016 17:33

Душанбе. 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Сифат» китоби нави Муҳаммадулло Лутфуллоев, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро таҳти унвони «Тулӯи хуршеди истиқлол ва масъалаҳои тарбия», ки   ба 25  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст,  ба табъ расонд.
Бояд зикр намуд, ки дар  илми педагогика  солиёни зиёд ҳашт арзиш асосӣ дониста мешуд: инсон, сулҳ, замин, ватан, хонавода (оила), касбу кор (меҳнат), илму дониш, фарҳанг. Чанд сол пеш ба ин арзишҳо устод Муҳаммадулло Лутфуллоев арзиши нуҳум —  ишқу муҳаббатро илова карда буд (асарҳои «Шарафномаи миллат», Душанбе, 2003; «Педагогикаи миллии халқи тоҷик», Душанбе, 2015).
Инак, Муҳаммадулло Лутфуллоев  Истиқлолиятро  чун даҳумин арзиши маънавӣ барои ворид намудан ба илми педагогика  пешниҳод  менамояд, ки  идеяи нав аст.
Забони асар  содда, равон ва фаҳмо буда, аз панҷ боб иборат аст ва пурра  ба масъалаи дӯст доштани Ватан, расидан ба қадри неъмати бебаҳои он — истиқлолият ва дигар масъалаҳои тарбия бахшида шудааст.

Июль 7, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад