ММТ: Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда натавонистанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд

Июль 11, 2016 11:33

Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба иттилои довталабоне, ки дар давраҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд.
Шакли аризаро довталаб метавонад аз маркази имтиҳонӣ ё Маркази миллии тестӣ дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Пас аз пур кардани шакли ариза довталаб онро ба Маркази миллии тестӣ ё маркази имтиҳонӣ пешниҳод менамояд.
Агар довталаби ариза пешниҳодкарда дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда натавониста бошад, новобаста аз қарори комиссияи дахлдор дар бораи ба довталаб иҷозат додан ё надодан барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ, ҳуқуқ дорад, ки дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд. Яъне чунин довталаб метавонад дар санаи дар даъватномааш нишондодашуда дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок намояд.
Инчунин, довталабе, ки дар имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) иштирок карда, бо сабаби узрнок дар имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) иштирок карда натавонистааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод намояд.
Имтиҳонҳои иловагии қисми А (имтиҳони умумӣ) 18-уми июл ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) 19-уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур то 14-уми июл муқаррар гардидааст.

Июль 11, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид