Мусофирони «Ренҷровер» мусофирони «Тайота-Прадо»-ро ғорат намуданд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 31 апрел ба 1 майи соли равон, ҳангоми аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба воситаи мошини тамғаи «Ренҷровер» мошини онҳо тамғаи «Тайота-Прадо»-ро думболагирӣ намуда, дар назди тарабхонаи «Шаҳрисабз», воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе, онҳоро боздошт намуданд. Сипас, бо истифодаи силоҳи сард (корд) таҳдид карда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо 600 доллари амрикоӣ ва 2 телефони мобилии тамғаи «Айфон-6»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






