Мутахассисони мақомоти гумрук малакаи худро ҷиҳати рамзгузорӣ ва таснифоти мол такмил медиҳанд

Июль 22, 2016 11:58

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки кишвар ва раёсатҳои минтақавии он  зимни баргузории давраи омӯзишӣ оид ба «Тартиби ҳамоҳангсозии рамзгузорӣ ва таснифоти мол 2017»  сатҳи донишу малакаи худро  вобаста ба таърихи рамз ва мушкилоти таснифи мол, сохтори тартиби ҳамоҳангшуда ва тартиби қабули қарорҳои пешакӣ мукаммал гардониданд.
Давраи омӯзишӣ  бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ /IFC Word Bank Groop/ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрукӣ гузаронида шуда, нақши он дар баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти гумрук ва таҳияи лоиҳаи «Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» муҳим арзёбӣ мегардад. Дар давраи омӯзишӣ коршиносони Созмони ҷаҳонии гумрук, ки дар ин бахш таҷрибаи пешрафта доранд, аз Брюсел  даъват гардида буданд.
Бояд тазаккур дод, ки  мақомоти гумруки кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ барои дар амал татбиқ намудани дастури Ҳукумати мамлакат таҳияи «Номгӯи  молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ»-ро ба роҳ монд. Минбаъд, дар асоси лоиҳаи мазкур бо назардошти ӯҳдадориҳои дар назди Созмони ҷаҳонии гумрукдошта, бояд тарифи нави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардад.

Июль 22, 2016 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид