Н.Саид: «Худкушӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар пешрафтатарин давлатҳои дунё низ дида мешавад»
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 358 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳолат ё 2,9% кам мебошад. Ҳамчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 41 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки аз инҳо 14 нафар писар ва 27 нафарашон духтарон мебошанд.
Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, худкушӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар пешрафтатарин давлатҳои дунё низ дида мешавад. Ин як риштаи ниҳоят калони илмӣ аст ва дар атрофи ин масъала тадқиқотҳои илми бурда шудааст. Бояд гуфт, ки ин ҳодиса бештар дар қисмати шимоли Тоҷикистон дида мешавад ва омилҳои зиёд, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бахусус равонӣ дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот дар байни ҷавонон бетараф нест.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки ғарқшавии ноболиғон дар ин давра 50 ҳолатро ташкил дода, аз инҳо 16 духтар ва 34 нафар писарон мебошанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






