Н.Саид: «Худкушӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар пешрафтатарин давлатҳои дунё низ дида мешавад»

Июль 11, 2016 17:01

Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 358 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта   11 ҳолат ё 2,9% кам мебошад. Ҳамчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 41   нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки аз инҳо 14   нафар писар ва 27   нафарашон духтарон мебошанд.
Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, худкушӣ  на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар пешрафтатарин давлатҳои дунё низ дида мешавад. Ин як риштаи ниҳоят калони илмӣ аст ва дар атрофи ин масъала тадқиқотҳои илми бурда шудааст. Бояд гуфт, ки ин ҳодиса бештар дар қисмати шимоли Тоҷикистон   дида мешавад ва омилҳои зиёд, аз ҷумла  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бахусус равонӣ дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот дар байни ҷавонон бетараф нест.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки   ғарқшавии ноболиғон   дар ин давра  50   ҳолатро ташкил дода,   аз инҳо 16   духтар ва 34   нафар писарон мебошанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Июль 11, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид