Нақши расонаҳои хабарӣ дар инъикоси ҳуқуқҳои инсон
Душанбе, 11.06.2016. /АМИТ Ховар/. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар доираи баргузории давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон», ки имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт, донишҳои худро мукаммал мегардонанд.
Давраи омӯзишии мазкур бо ибтикори Созмони байналмилалии муҳоҷират дар доираи лоиҳаи Агентии рушди байналмилалии Амрико оид ба шаъну этибор ва ҳуқуқҳо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш боло бурдани сатҳи фарогирии мавзӯи ҳуқуқҳои инсон, хатарҳои муҳоҷират ва савдои одамон дар расонаҳои хабарӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон роҷеъ ба масоили зикршуда мебошад.
Дар давраи омӯзишӣ коршиносон ва мутахассисони Созмони байналмилалии муҳоҷират ба намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба вазъи савдои одамон ва ҳуқуқҳои инсон дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб, нақши расонаҳои хабарӣ дар инъикоси ин мавзӯъ, инунин санадҳои миллӣ ва соҳавӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон машғулиятҳои назариявию амалӣ мегузаронанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






