Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016» оғоз гардид

Июль 22, 2016 15:47

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон имрӯз  дар МД Кохи Борбад бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва  дастгирии Ҳукумати кишвар Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016»  ифтитоҳ гардид.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Латвия, Лаҳистон, Афғонистон ва Покистон иштирок дошта, молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамчунин дар баробари 70 ширкати кишварҳои ҷаҳон  ширкатҳои ватанӣ низ молу маҳсулоти рақобатпазири худро муаррифӣ намуда, пешкаши мизоҷон гардониданд.
Тавре муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова иброз дошт  ҳадаф аз ташкил намудани намоишгоҳ кумак намудан ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи ёфтани мавқеи худ дар бозор, муаррифӣ ва шинос намудани харидорон бо молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Манзура Рустамова инчунин иброз дошт, ки рушди соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус рушди истеҳсолот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян шудааст ва аз ин рӯ гузаронидани ин маърака муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки имрӯз дар баробари баргузории намоишгоҳ,  соати 15:00 дар Кохи Борбад Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардид ва барои иштирок дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ ва намояндагони институтҳои молиявии ҷумҳурӣ даъват шудаанд, ки пас аз баргузории бизнес-форум  метавонанд, шарикони худро пайдо намоянд.
Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии «Тоҷикистон- 2016» аз 22 то 24 июл идома меёбад.

Июль 22, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад