Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳани Душанбе-Хатлон шинос шуд
Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳ дар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон шинос шуд.
Сарвазири мамлакат аз маҳалли оғози татбиқи лоиҳа дар истгоҳи роҳи оҳан дар мавзеи Элок то истгоҳи роҳи оҳан дар ноҳияи Ёвон дидан кард. Ҳоло дар қитъаи роҳи мазкур марҳилаи охирини корҳои роҳсозӣ ва бунёди нақбу кӯпрукҳо бо маром идома дошта, роҳсозон азм доранд, ки дар муҳлати муқараргардида ин иншоотро сохта, ба истифода диҳанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва роҳбарону масъулони ширкатҳои паймонкору роҳсоз иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати корҳои роҳсозӣ, таъмини сифати баланд ва истифодаи самараноки техникаю таҷҳизоти кориро талаб намуд.
Дар идомаи ин сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ноҳияи Ёвон бо рафти сохтмони Корхонаи истеҳсоли сементи «Моҳирсемент» ва Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминии фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд. Корхонаҳои мазкур дар доираи татбиқи нақшаю барномаҳои рушди соҳибкорӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, эҳёи саноати кимиёвӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






