Ошкор гардидани дуздии телефонҳои мобилӣ ба маблағи қариб 6 ҳазор сомонӣ
Душанбе, 19.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 июли соли равон аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷинояти марбут ба дуздии телефонҳои мобилӣ ошкор ва гумонбарони он дастгир гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки гумонбар, зани 24-солаи сокини шаҳри Панҷакент 5 июли соли равон тахминан соати 10:20 бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар мағозаи «Элита», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд буданаш, телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-и зани 36-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши телефони мобилии зикргардида 1 ҳазору 680 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин 2 июл шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо телефони мобилии тамғаи «Самсунг Г-5», ки арзишаш 4 ҳазору 266 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур духтари 16-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






