Пӯшидашавии мавсими театрӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Душанбе. 02.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маросими пӯшидашавии мавсими театрӣ баргузор гардид.
Ибодулло Машрабов, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо анҷоми бобарори мавсими 86-уми театрӣ табрик намуда, зикр кард, ки дар ин давра ҳайати эҷодии театр фаъолияти самаранок дошт. Дар ин мавсим теъдоди тамошобинони театр зиёд гардида, ҳайати эҷодӣ имкон пайдо намуд, ки ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳад ва намоишҳои гуногунро пешниҳоди мардум гардонанд.
Сипас, ба муносибати пӯшидашавии мавсими театрӣ нахустнамоиши спектакли «Хандаи харчанг», ки ба қалами драманависи англис Ҷон Марвелл тааллуқ дорад, баргузор гардид. Зафар Ҷаводов, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон коргардони намоишномаи мазкур буда, нақшҳои асосиро Ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир ва Дилбар Умарова иҷро намудаанд.
«Хандаи харчанг» бардоште аз рӯзгору фаъолияти эҷодии ҳунарпешаи машҳури фаронсавӣ Сара Бернар буда, шавқовар ва бо завқи баланд рӯи саҳна омадааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ панҷ асари нав, аз ҷумла намоиши «Мазҳакаи рангину ғамгин»-и А.Турахонов, «Дидгоҳ»-и А.Николан, «Санам ва ғулом» -и Э.Фигерейдо ва «Қайдҳои як марди девона»-и Н.В.Тоголро рӯи саҳна овардааст.
Хотирасон менамоем, ки мавсими нави театрӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ моҳи сентябр оғоз хоҳад гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






