Пагоҳ ҲКТ бори нахуст дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мекунад

Июль 22, 2016 16:51

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Душанбе Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар қароргоҳи марказии ҳизб барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.
Тавре раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чунин нишасти матбуотии ҳизби коммунист дар давоми даҳ солаи охир бори нахуст гузаронида мешавад. «Ба журналистон вазифаҳои тактикӣ-стратегии ҳизби коммунист барои панҷ соли оянда муаррифӣ карда хоҳад шуд», — гуфт И.Талбаков ва илова кард, ки: «Қабл аз нишасти матбуотӣ ҷаласаи Садорати ҳизби коммунист баргузор мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки зимни ҷаласа аъзои Садорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот қабул мекунад».
Мувофиқи иттилои И.Талбаков изҳороти Садорати ҲКТ дар мавзӯи тақвият бахшидани ҳамкории судманд бо Ҳукумат баҳри ҳифзи музаффариятҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон қабул мегардад. «Ҳамчунин мо ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ барои барқарор кардани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ба хотири ҳимояи манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумимиллӣ муроҷиатнома қабул мекунем», — гуфт И.Талбаков, раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
Мавриди ёдоварист, ки дар анҷумани 32 ҲКТ Исмоил Талбаков ба ҷойи Ш.Шабдолов раиси ҳизби коммунист интихоб гардид. И.Талбаков изҳор карда буд, ки фаъолияти ҳизби коммунистро ҷоннок карда, Шӯрои ветеранҳои ҲКТ-ро таъсис медиҳад.

Июль 22, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад