Президенти Туркия изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо набояд ӯро барои ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда танқид кунад
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо набояд ӯро барои ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда дар дохили кишвар, баъд аз кӯшиши табаддулоти низомӣ танқид кунад.Дар ин бора рӯзномаи русиягии «Известия» иттилоъ медиҳад.
«Кишварҳои Аврупо ҳақ надоранд моро бо қабули қарори вазъияти фавқулодда танқид намоянд. Дар сурате ки онҳо пас аз амалҳои террористии на чандон калон, ки қобили муқоиса бо ин таҳдид нест, чунин тадбирҳо меандешанд,», — гуфт вай дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии AL-Jazeera баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният ва ҳукумати кишвар.
Ҳамзамон Эрдуғон таъкид кард, ки аз ин иқдом демократия ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол намешавад, баръакс қавӣ мегардад.
Пештар аз ин хабар дода шуд, ки дар Туркия барои се моҳ вазъияти фавқулодда ҷорӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






