Президенти Туркия изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо набояд ӯро барои ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда танқид кунад

Июль 21, 2016 14:17

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо набояд ӯро барои ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда дар дохили кишвар, баъд аз кӯшиши табаддулоти низомӣ танқид кунад.Дар ин бора рӯзномаи русиягии «Известия» иттилоъ медиҳад.
«Кишварҳои Аврупо ҳақ надоранд моро бо  қабули қарори вазъияти фавқулодда танқид намоянд. Дар сурате ки онҳо пас аз амалҳои террористии на чандон  калон, ки қобили муқоиса бо ин таҳдид нест, чунин тадбирҳо меандешанд,», — гуфт вай дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии AL-Jazeera  баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният ва ҳукумати кишвар.
Ҳамзамон Эрдуғон таъкид кард, ки аз ин иқдом демократия ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол намешавад, баръакс қавӣ мегардад.
Пештар аз ин хабар дода шуд, ки дар Туркия барои се моҳ вазъияти фавқулодда ҷорӣ гардид.

Июль 21, 2016 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад