Рӯзҳои наздик ҳавошиносон эҳтимоли паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик ҳавошиносон дар миқёси ҷумҳурӣ эҳтимоли паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 30 июл дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 7- 8 дараҷа поён рафта, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, то 37 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона 30-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 25-30 дараҷа ва дар шарқи он 14-19 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар пойтахт рӯзона 32-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳавои сард як рӯз идома ёфта, аз 31 июл баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Дар айни ҳол фазои Тоҷикистон хокбориш фаро гирифта, минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






