Ронандаи мошини «БМВ», ки писарбачаи 10-соларо пахш намуд, дастгир шуд
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9 июли соли равон тахминан соати 15:10 мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Ваҳдат», дар рӯ ба рӯи ҷамоати деҳоти Гулистон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 10-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи «БМВ», марди 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дар робита ба ҳодисаи мазкур дастгир намуданд.
Корҳои тафтишотӣ оид ба ин воқеа идома доранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






