С. Тағойзода: ба 2034 нафар шаҳрвандон аз ҷониби вазорат ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ маблағ дода шуд

Июль 22, 2016 11:53

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.     «Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ  аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2034 нафар шаҳрвандон ба андозаи 6 миллиону 38 ҳазору 90 сомонӣ, ё худ ба  ҳар як шаҳрванд ба андозаи 74,2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд»,- зикр намуд дар нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи  низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва зиёда аз 70 маркази таълими калонсолон ва дигар марказҳои таълимии  мақомоти шуғли аҳолӣ фаъолият менамоянд.
Бояд гуфт, ки муассисаҳои мазкур мутахассисонро аз рӯи 14 самт, иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи  радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтумон,  кишоварзӣ, металлургия,  телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва хизмати маишӣ-хӯрокӣ тайёр менамояд.

Июль 22, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа