Сокини шаҳри Сарбанд аз лату кӯби бародарон ба ҳалокат расид
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 10 июл ба мақомоти милитсия хабар расид, ки дар ин рӯз тахминан соати 01:00 марди 56-солаи сокини шаҳри Сарбандро дар назди хонаи истиқоматиаш шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур бародарон, ҷавонони 40, 37 ва 34-солаи сокинони шаҳри Сарбанд дастгир шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






