Сулаймон Давлатзода бо Девид Сперштейн оид ба масоили озодии виҷдон ва дин дар Тоҷикистон суҳбат намуданд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Сафир оид ба супориши махсус оид ба озодии байналмилалии дини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Сардори Департаменти давлатӣ) Девид Сперштейн мулоқот намуд.
Дар мулоқот Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Инга Миллард, корманди раёсати ҳуқуқи инсон ва меҳнат дар самти идораи оид ба озодии дин дар Вазорати корҳои хориҷии ИМА Робин Шулман, корманди бахши иқтисоди сиёсии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Брендон Шервуд, муовини якуми раиси Кумита Ҷумъахон Ғиёсов, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров иштирок карданд. Масоили марбут ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин аз мавзӯъҳои калидии суҳбат ба ҳисоб рафт.
Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти озодии виҷдон сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар ин давра, мардуми Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, то аз ҳуқуқҳои динии худ бемамоният истифода намоянд.
Девид Сперштейн иброз намуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба метавонад дар самти ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар ин соҳа мусоидати бештар намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






