Тӯли 6 моҳ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 8 фоиз кам шудааст
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ 308 ҳазору 676 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафар намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз кам мебошад. Аз ин ҳисоб 40 ҳазору 682 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба Федератсияи Русия 305 ҳазору 654 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат сафар намуданд, ки аз ин теъдод 39 ҳазору 356 нафар занҳо мебошанд. Ба шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафари меҳнатӣ намуданд, ки аз он 228 нафарро занҳо ташкил дод.
Бояд зикр намуд, ки баҳисобгирии рафти шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 амалӣ карда мешавад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ ба мамлакатҳои хориҷи кишвар 350 ҳазору 893 нафар шаҳрвандон сафар намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Аз ин теъдод 51 ҳазору 638 нафар занҳо мебошанд. Аз ҷумла, барои корҳои шахсӣ-15825 нафар, тиҷорат-17249 нафар, саёҳат-7014 нафар ва сафари хизматӣ-891 нафар сафар намуданд.
Дар ин муддат шумораи аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштагон 160 ҳазору 434 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора 31 ҳазору 426 нафар занҳоянд.
Айни замон аз кишвари Федератсияи Русия ба ҷойҳои зисти худ 155 ҳазору 159 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз кам мебошад. Аз он 28 ҳазору 839 нафарро занҳо ташкил дод.
Аз Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ба ватан 5985 нафар шаҳрвандон баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз зиёд аст, зикр кард манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






