Тайи нимсола варзишгарони Хатлон 736 медал ба даст оварданд
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли шаш моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 42 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 21 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамагӣ 736 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 медал зиёд мебошад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Бояд зикр намуд, ки дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарон корҳои барқароркунӣ ва сохта ба истифода додани як қатор биною маҷмааҳои варзишӣ ба маблағи 124 миллиону 857 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.
Инчунин сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 768 ҳазор сомонӣ идома доранд.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






