Тайи нимсола варзишгарони Хатлон 736 медал ба даст оварданд

Июль 18, 2016 16:13

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тӯли шаш моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 42 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 21 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамагӣ 736 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 медал зиёд мебошад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон.
Бояд зикр намуд, ки дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарон корҳои барқароркунӣ ва сохта ба истифода додани як қатор биною маҷмааҳои варзишӣ ба маблағи 124 миллиону 857 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.
Инчунин сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 768 ҳазор сомонӣ идома доранд.

Июль 18, 2016 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд